Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Бурида бод зи дастам сари чаҳор ангушт,

Бурида бод зи дастам сари чаҳор ангушт, Ки даст мекашад аз домани нигор ангушт. Надонам уқда зи зулфат кӣ боз кард имрӯз, Димоғи шона парешону мушкбор ангушт. Задам ба ҳалқаи зулфи ту даст, бодо бод, Касе набурда чу ман дар даҳони мор ангушт. Ба ранҷ омада ангуштарӣ зи ангуштам, Ба чашми ҳирс надорад камӣ зи хор ангушт. Ишорат оинадори ҳилоли абрӯи кист? Ба чашми ман мижа гардида як қатор ангушт. Дигар чӣ суд диҳад бо висол густохӣ, Парӣ, чу шона расондам ба зулфи ёр ангушт.