Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Чун шона то задам ба сари зулфи ёр даст,

Чун шона то задам ба сари зулфи ёр даст, Ангуштам иқди нофа шуду мушкбор даст. Монад кафи ту панҷаи хуршеду моҳро, Темори остин яди байзо барор даст. Ҳайрони он, ки дил ба кадом орзу равад, Як ҷайб беш нест, кашидаш ҳазор даст. Дил сайди туст, доми тағофул барои чист? Аз инчунин шикор, Худоро, барор даст. Аз домани нигор, Парӣ, гар намекашад, Дигар туро барои чӣ ояд ба кор даст?