Бе ту чун най банд-бандам пойбасти нола аст,
Бе ту чун най банд-бандам пойбасти нола аст,
Нола дар дасти дил асту дил ба дасти нола аст.
Гул накард овозе аз сози шикастан чун гилем,
Соғари рангам шикасту ин шикасти нола аст.
Аз камон бошад пари парвоз рахти тирро,
Қомати пирӣ баландибахшу пушти нола аст.
Қулқули мино дар ин маҳфил зи ҳушам мебарад,
Соғари гӯшам саропо майпарасти нола аст.
Решаҳо дорад, Парӣ дар бешаи тан дарди ишқ,
Ин наистон хобгоҳи шери масти нола аст.