Мапурс, эй гули хандон, ки дидаат чун аст,
Мапурс, эй гули хандон, ки дидаат чун аст,
Зи ҳаҷри лолаи рӯи ту косаи хун аст.
Маро ба Каъбаи васлат расон, ки дар раҳи ишқ
Зи реги бодияам ранги доғ афзун аст.
Ҷаҳониён ҳама ҷӯянд диданат, аммо
На ҳар кӣ шуд мутаваллид ба Миср, Зуннун аст.
Ба даври чун ту табибе, ки мурда зинда кунӣ,
Ҳалок гаштаму рӯзе нагуфтиям чун аст.
Зи ишқ мабанд, зоҳидо, ту дил бо Парӣ (?)
Надонам он чӣ фасод асту ин чӣ афсун аст?