Доғи носури ғамат дар ҷигаре нест, ки нест,
Доғи носури ғамат дар ҷигаре нест, ки нест,
Ошиқи рӯи ту ширинписаре нест, ки нест.
Аз камони ҳама абрӯи ту сад тири ҷафо
Меҳмони дили ошиқ саҳаре нест, ки нест.
Ту зи ғафлат шудаӣ бехабар аз кӯҳи Мино,
В-арна ин тоҷи каромат, ба саре нест, ки нест.
Дили ҳар зарра зи рӯи ту дам аз нур занад,
Алами хусрави ҳуснат ба даре нест, ки нест.
Дар тамошои маҳи рӯи ту аз ҳалқаи зулф
По ба занҷири таҳайюр назаре нест, ки нест.
Дили сангини бутон нарм нагардад ҳаргиз,
В-арна дар хомаи ошиқ асаре нест, ки нест.
Рӯҳ кофӣ набувад ҷавҳари инсониро,
Парӣ, ҷон дар бадани гову харе нест, ки нест.