Чӣ сон роҳи муҳаббат, дӯстон, дорам ниҳон дар дил,
Чӣ сон роҳи муҳаббат, дӯстон, дорам ниҳон дар дил,
Маро дар дида тӯфон мекунад ашки фиғон дар дил.
Зи дил гуфтам шумори новаки нозат намегирӣ,
Лабаш хандида мегӯяд: «Ҳисоби дӯстон дар дил».
Дар ин гулзор ҳар зоғе ба боғе ошён дорад,
Маро набвад ба ғайр аз дарду доғи гулрухон дар дил.
Намепурсад, ки чунӣ, эй ситамкаш, дар чӣ аҳволӣ?
Намедонам чӣ дорад бо ман он номеҳрубон дар дил.
Қафас аз оташ аст ин ҷову мурғ аз мушти хошоке
Нафас дар худ тапид, азбаски дорад ошён дар дил.
Ту оӣ, меравад андӯҳу кулфат аз дили афгор,
Биё, баҳри Худо, берун равад ғам як замон дар дил.
Саропо ҳамчу гул афтода дар хун захмҳо дорам,
Парӣ, аз новаки мижгони он абрӯкамон дар дил.