Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Бе ту гар ҷо ҳама дар равзаи Ризвон созам,

Бе ту гар ҷо ҳама дар равзаи Ризвон созам, Ҷайби домони худ аз гиря гулистон созам. Эй хуш он рӯз, ба ман оию меҳмон бошӣ, Хешро гирди ту гардонаму қурбон созам. Гар ба хоби шабам ояд сари зулфи ту ба даст, Дили худ ҷамъ аз ин хоби парешон созам. Нашуд он рӯз, ки аз хотират, эй қотили ноз, Лаби лаъле ба дили ғамзаи хандон созам. Фикри девони ғазал дорам аз он абруи ноз, Рақаме ораму бисмиллаҳи унвон созам. Қомати пири Парӣ оинаи арзи фаност, Марг з-ин теша ба Фарҳоди худ осон созам.