Ишқбозиву ҷамоли нозанине доштам,
Ишқбозиву ҷамоли нозанине доштам,
Даст аз домони васлаш як даме нагзоштам.
Бар сари гесӯи ӯ машшота будам субҳу шом,
Тухми меҳрашро ба ҷону дил ҳамеша коштам.
Дар барам як шаб ба хоби ноз будӣ он парӣ,
Ман ниқоб аз орази гулгуни ӯ бардоштам.
Қатли ошиқ гар раво будӣ ба маъшуқони даҳр,
Ман зи ҷон бигзаштаму ҷонро ба ту бигзоштам.
Эй, ба девони фано авроқи девони ту рафт,
Сарнавишти рӯзи аввал будаам, пиндоштам.
Дорам аз гардун шикоятҳо, ки натвон дам задан,
Пеш аз ин ҳам зери гардун каҷкулоҳе доштам.