Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Гар даст диҳад домани он сарви равонам,

Гар даст диҳад домани он сарви равонам, Озод шавад дил зи ғами ҳар ду ҷаҳонам. Омад ба лаби бом, ки хуршеди заминам, Бигрифт ба каф ҷом, ки Ҷамшеди замонам. Гар аз дарам он сарви хироманда дарояд, Бархезаму бар чашми худ ӯро бинишонам. Субҳам ҳама бо ёду сари зулфи ту шуд шом, Як рӯз набудӣ, ки набудӣ ба гумонам. Гуфтам, ки бигӯям зи даҳони ту нишоне, Гум гашт дар ин нуқтаи мавҳум нишонам. Ҷуз фикри руху зикри лабаш нест Париро Фикре ба замири ману зикре ба забонам.