Баски аз барқи ҷунун шуд барқҷавлон нолаам,
Баски аз барқи ҷунун шуд барқҷавлон нолаам,
Мезанад оташ ба бунёди найистон нолаам.
Як сари мӯям намебошад тиҳӣ аз дарди ишқ,
Ҳамчу най сар мезанад аз ҷайбу домон нолаам.
Чун шунидам, оташи ишқат ба хокистар нишонд,
Сурма шуд охир ба чашми дардмандон нолаам.
Кист аз ҳоли дили ғамдида ёбад огаҳӣ,
Гар набошад дар шаби дардат чароғон нолаам.
Марҳами гӯше нашуд, то кас ба фарёдам расад,
Аз шикасти зулф мегардад парешон нолаам.
Интихоби дард мехоҳӣ, зи ман ғофил мабош,
Бистарӣ аз ҳайратам, девони унвон нолаам.
Боғро азбас тароват нест аз нахли куҳан,
Боғбон, чун сарв мехоҳӣ ту, биншон нолаам.
Мезанад роҳи ҷунунам сурма чун чашми Парӣ,
Варна дар сози ҷунун бигзашт рақсон нолаам.