Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Ҳадис аз сабзаи боғи ҷинон паймуда мегуфтам,

Ҳадис аз сабзаи боғи ҷинон паймуда мегуфтам, Дар айёми хатат дониста шуд, беҳуда мегуфтам. Агар ишқат зи ман мехост бурҳон изтироби дил, Ҳанӯз он тифлро чашми адаб накшуда мегуфтам. Ба боғи ҳусни абрӯ тозагиҳои баҳори ӯ Дили хуршедро барги хазонфарсуда мегуфтам. Хушо, шабҳое аз бедоди ишқат дар фиғон то субҳ, Ба гӯши дил ҳикоятҳои дардолуда мегуфтам. Наям он боғбон, к-аз боғи мардум гул ба даст орам, Суханҳое, ки мегуфтам, Парӣ, нашнида мегуфтам.