Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Боварам н-ояд, ки имшаб ёр ояд дар барам,

Боварам н-ояд, ки имшаб ёр ояд дар барам, Дар барам ояд, бубинам, то биёяд боварам. Соғарам аз акси рӯи ёр дорад мавҷи май, Мавҷи май ҷӯши таҷаллӣ мезанад дар соғарам. Пайкарам аз захми шамшери ту дорад обрӯ, Обрӯ то рӯзи маҳшар кам мабод аз пайкарам. Дилбарам ҳаргиз намеояд ба хобам дар бағал, Дар бағал ояд ба бедорӣ зи мастӣ дилбарам. Гавҳарам орист аз гарди ятимӣ дар назар, Дар назар оинаи ҳусни маъонӣ гавҳарам. Ҷавҳарам арзи камоли хеш дорад дар бағал, Дар бағал оинаи сад обрӯ шуд ҷавҳарам. Парварам танро ба ишқи лоларӯён то абад, То абад ин пунба дар тӯфони оташ парварам. Бар сарам по неҳ, ки монад то қиёмат, эй парӣ, Эй парӣ, аз нақши поят тоқи шоҳӣ бар сарам. Камтарам донад, Парӣ, аз зарра ҳуснаш, месазад, Месазад гӯям, ки ман аз камтари ӯ камтарам.