Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

...Ашки ман бар дӯши мижгон аст, дар майдони шавқ,

...Ашки ман бар дӯши мижгон аст, дар майдони шавқ, Дар раҳи ишқи ту тифли найсавор омад бурун. Сайди дилҳо мекунад имрӯз, эй дил, хуш нишин, Шӯхи бебоке, ки аз баҳри шикор омад бурун. Бар ду рӯ зулфи сиёҳаш дар каманди печу тоб, Ҳифзи ганҷи ҳуснро яъне ду мор омад бурун. То ба кай бошӣ, Парӣ, ошуфта чун зулфи бутон? Дар муҳаббат чун парешонрӯзгор омад бурун.