Шудам пиру ҷавонӣ ёфт ҳирси зарпарасти ман,
Шудам пиру ҷавонӣ ёфт ҳирси зарпарасти ман,
Зи савдоям ақоиқмӯмиё дорад шикасти ман.
Надорам хандаи бегиря чун мино дар ин маҳфил,
Ба кулфат тавъам ояд шодии рӯзи аласти ман.
Зи махмурӣ шудам маҳрум аз ин соғар кашиданҳо,
Ба ҷоми бода дорад пушти даст аз раъши дасти ман.
Чунон камфурсатӣ андохт аз чашми асар дурам,
Ки парвози шарар шуд кӯҳи тамкин аз нишасти ман.
Натанҳо аз ҷунунам соғари идрок дар санг аст,
Қабои раъша дорад шишаи гардун зи масти ман.
Парӣ нанги таъолӣ мекашӣ дар кеши озорӣ,
Асире боқӣ аст, то дирҳаме бо хун ба дасти ман.