Аз ту шуд боғи ҷаҳон, эй гули хандон рангин,
Аз ту шуд боғи ҷаҳон, эй гули хандон рангин,
Нест аз сабзаву гул бе ту гулистон рангин.
Гулрухон дар дили равшангуҳарон ҷо доранд,
Боғу оина аз он ҷилвапаноҳон рангин.
Сабзаву лолаи машҳад, ки ба ушшоқ якест,
Теғи қотил шуда аз хуни шаҳидон рангин.
Баски дар ёди лаби лаъли ту хун мегирям,
Гашт мижгони ман аз панҷаи марҷон рангин.
Мешавад аз назаре сӯи ман андохтанат,
Чеҳраи пурсиши мӯре зи Сулаймон рангин.
Ҷуди арбоби карам оинаи шарми гадост,
Рӯи соил шуда аз силии эҳсон рангин.
Юсуфи бахти ту бар Мисри Азизе нарасад,
То нагардад гулат аз хории Канъон рангин.
Мерасад наъшаи набзи маю соғар ба субот,
Мекунад ҷоми тиҳӣ чеҳраи мастон рангин.
Парӣ, дар кеши ҷунун ҳаққи вафо нест адо,
Гули хокӣ накунӣ то ба гиребон рангин.