Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Ҷилваороии ҳусн аз туву дидан аз ман,

Ҷилваороии ҳусн аз туву дидан аз ман, Лаби лаъли шакарин аз ту, макидан аз ман. Зоҳид, аз ишқи бутон вазъу насоеҳ аз ту, Домани ҷайб зи расвоӣ даридан аз ман. Рафтани боғу хиромидане дар боғ аз ту, Зи хиёбони ҷигар нола кашидан аз ман. Бисмили теғи ҷафо кардану рафтан аз ту, То қиёмат ба вафои ту тапидан аз ман. Нигаҳи марҳамату фазлу каромат аз ту, Ба муроди дили ноком расидан аз ман. Хилъати нозу тағофул зи ту, такмин аз ту, Ҷомаи сабр ба расвоӣ даридан аз ман. Риштаи дӯстӣ пайвастани ғайрам аз ту, Сари ин ришта зи ғайри ту буридан аз ман. Як табассум ба Парӣ кардану рафтан аз ту, Ранҷи махмурии ин бода кашидан аз ман.