Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Вақти марг ояд зи раҳмат бар сари болини ман,

Вақти марг ояд зи раҳмат бар сари болини ман, Талх шуд коми ҳасуд аз мурдани ширини ман. Ӯ паи ҷабру ҷафо, ман бар сари меҳру вафо, Ман ба фикри меҳри ӯ, ӯ дар хаёли қини ман. Кош он дерошно бо ханҷар ояд бар сарам, То магар аз дил барояд ҳасрати дерини ман. Дӯш бӯсидам лаби нӯшини он маҳро ба хоб, Хоби ширин чист, таъбири шаби дӯшини ман. Гар Париро дидани хубон набудӣ дар назар, Ҳеҷ оламро надидӣ чашми оламбини ман.