Чу боло шуд зи шӯри ишқ ғавғои ҷунуни ман,
Чу боло шуд зи шӯри ишқ ғавғои ҷунуни ман,
Гиребончоки расвоист ақли зуфунуни ман.
Шаҳидам карду аз хоки мазорам нола мехоҳад,
Ҳанӯзам теғи қотил ташнагӣ дорад ба хуни ман.
Кабоби оташи пурдуди ишқи лоларӯёнам,
Чӣ мепурсӣ зи доғи оина дарди даруни ман.
Заминҳо осмону осмонҳоро замин карданд,
Пур осон аст, воиз, дарди сар дорад чунуни ман.
Маро сад бор равшан шуд, Парӣ, бемеҳрии гардун,
Нашуд кӯтоҳ дасти орзуи табъи дуни ман.