Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
П
Парии Ҳисорӣ

Нашикастаст агар соғари паймон аз ман,

Нашикастаст агар соғари паймон аз ман, Рӯи худ мекунад аз баҳри чӣ пинҳон аз ман? Оҳам аз раҳзании чашми фарангиписар аст, Мекашад дар нигаҳаш домани паймон аз ман. Имшаб аз лаъли лаби чашми ту соғар задаам, Даври айши ду ҷаҳон аз ману даврон аз ман. Ишқи ширинписаре дораму лайличашме, Оҳу афғони шабу кӯҳу биёбон аз ман. Ҷайбу домони ман аз гиря гулистон шудааст, Дар китоб аст ҳанӯз он гули хандон аз ман. Захмҳо дар ҷигар аз хори гулистони касест, Медамад ғунчасифат ашк зи мижгон аз ман. Ишқ дар домани дил даст ба шаррот задаст, Сабру ором надорад, Парӣ, имкон аз ман.