Ин гулписари шӯх аҷаб гулписар аст ин,
Ин гулписари шӯх аҷаб гулписар аст ин,
Аз боғи таҷаллӣ гули ҳусни дигар аст ин.
Хат нест ба даври лаби лаъли намакинаш,
Часфида сари мӯр ба тунги шакар аст ин.
Таклиф ба зуннор кунад зоҳиди худро,
Аз ҳар нигаҳи чашм, ки тарсо магар аст ин.
Аз рафтани асбоб зи каф шиква чӣ лозим,
Шукр аст мар ӯро, ки ҳакими қадар аст ин.
Дидам хати пушти лабу абрӯи ту гуфтам:
Бар мусҳафи рухсори ту зеру забар аст ин.
Чун ашки маро кас нагирифтаст гиребон,
Аз мардуми чашмам халафи бадгуҳар аст ин.
Ҳушёрнигоҳест сиёҳмасту тағофул,
Аз наргиси ҷодуи ту сеҳри дигар аст ин.
Ин шеър, Парӣ, пайрави шеърест, ки хон гуфт,
Ин ҳусн чӣ ҳусн аст, на ҳусни башар аст ин.