Танҳо на нигоҳи ту кунад машқи рамидан,
Танҳо на нигоҳи ту кунад машқи рамидан,
Чашми ту кашад сурмаи ушшоқ надидан.
Бар чарх расонида ҳилол аз раҳи таслим,
В-аз абруи мушкини ту меъроҷи хамидан.
Шаб оинаи ҷилваи хуршед нагардад,
Аз ман чӣ хаёлест ба васли ту расидан.
Дигар чӣ зи мижгону лаби лаъли ту ҷӯям,
Ҷуз тири ҷафо хӯрдану дашном шунидан?
Суд аст дар оини вафо аҳли вафоро
Ҷон додану аз лаъли лабат бӯса харидан.
Дар хоб нишонад агарат, ҷой ба чашм аст,
Бар рӯи касон беҳуда чун ашк давидан.
В-ар ишқ наёмӯхтаӣ, аз Парӣ омӯз
Девонагиву ҷайби шикебоӣ даридан.