Чу мижгон дурам аз қурби нигоҳат аз нигоҳи ӯ,
Чу мижгон дурам аз қурби нигоҳат аз нигоҳи ӯ,
Тағофул кош дурӣ бахшад аз чашми сиёҳи ӯ.
Сафои ҷилва дорӣ, аз сафои дил машав ғофил,
Биҷӯш, эй ашк, аз хат ҳола пайдо карда моҳи ӯ.
Самандармашрабам, Маҷнун наям аз ишқи маҳрӯён,
Ману дасте, ки оташ дар бағал дорад нигоҳи ӯ.
Миёни мову зоҳид дар муҳаббат гуфтугӯе ҳаст,
Маро ҷоми сабӯ дастору риш омад гувоҳи ӯ.
Диле аз раҳ назар бар шаҳнаи ҳусни ту афтода,
Ба риндони ғамаш магзору бахшо бар гуноҳи ӯ.
Гирифторам, Парӣ, бо гардиши чашме, ки аз ваҳшат
Ба чашми оҳувон сармашқи рам бошад нигоҳи ӯ.