Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
То зи борикӣ миёнат тоб доди мӯйро,
То зи борикӣ миёнат тоб доди мӯйро, Сабза пеши хатти ту бар хок молад рӯйро. Ту чӣ ғам дорӣ, агар селоби ашкам меравад, Чун ман аз хошоки роҳе камтарам ин кӯйро
Саломи ман бирасон, эй сабо, Бухороро,
Саломи ман бирасон, эй сабо, Бухороро, Бигӯ таҳийяти Маҷнун диёри Лайлоро. Зи Кӯҳкан хабаре сӯи қасри Ширин бар, Ки дил гирифт ба кӯҳ он ғариби танҳоро.
Соқӣ, биёр ҷоми шароби муғонаро,
Соқӣ, биёр ҷоми шароби муғонаро, Мутриб, бигӯ, бизан ғазали навтаронаро. Поён мабод даври қадаҳро, ки зиракон Поён надидаанд ҷафои замонаро.
Мекашад ишқи ту сӯи худ дили девонаро,
Мекашад ишқи ту сӯи худ дили девонаро, Ҳаст сӯзе, к–ӯ ба шамъе мекашад парвонаро. Сели чашмам рафту вайрон кард бунёди дилам, Чун зи дарду ғам нигаҳ дорам ман и
Он сиёҳҷурда, ки хуршед ғулом аст ӯро,
Он сиёҳҷурда, ки хуршед ғулом аст ӯро, Нури чашм аст, ки дар дида мақом аст ӯро. Ҳеҷ кас нест, ки пинҳон назараш бо ӯ нест, То назар бо кию хотир ба кадом аст ӯ
Дӯш омад рухи зебои ту дар хоб маро,
Дӯш омад рухи зебои ту дар хоб маро, Сел аз дида равон гашту бибурд об маро. Танам аз заъф чунон шуд, ки намеёфт дигар Ақл, ҳарчанд ки меҷуст ба маҳтоб маро.
Наргиси мастат нишонад ҳамчу гул дар хун маро,
Наргиси мастат нишонад ҳамчу гул дар хун маро, Кай равад чун ғунча меҳри ту зи дил берун маро. Рӯи худ бар рӯ ниҳад субҳи абад Лайлӣ туро, Бӯсае бар сар занад р
Эй чашми ту кашида абрӯйи чун камонро,
Эй чашми ту кашида абрӯйи чун камонро, Тире, ки мекушоӣ, аз мо талаб нишонро. Он дам, ки тири ғамза бар бедилон кушоӣ, Мурғ аз ҳаво дарояд аз баҳри ҷонфишонро.
Гар силсила ҷунбонӣ гесуи парешонро,
Гар силсила ҷунбонӣ гесуи парешонро, Ошуфта кунӣ дилро, девона кунӣ ҷонро. Дар савмаа гар бӯе пайдо шавад аз ишқат, Аз хирқа бурун оранд сад мушрики пинҳонро.
Ҷоҳили кӯтаҳназар девона мехонад маро,
Ҷоҳили кӯтаҳназар девона мехонад маро, Фосиқу дурдикаши майхона мехонад маро. Шайхи азрақпӯш гар ҳошок месозад мурид, Ҳамдами чангу дафу паймона мехонад маро.
Аз ақл нест пеши ту рафтан чароғро,
Аз ақл нест пеши ту рафтан чароғро, Он беҳ, ки равғане бичаконад димоғро. Бар рӯ мапеч силсилаи зулфи анбарин, Бар орази тазарв манеҳ парри зоғро.
Чун ба карашма каж кунӣ тарфи кулоҳи хешро,
Чун ба карашма каж кунӣ тарфи кулоҳи хешро, Қиблаи оламе кунӣ рӯи чу моҳи хешро. Чарх кулоҳи офтоб аз сари рашк бифканад, Гар ту ба чарх барзанӣ акси кулоҳи хеш
Чанд пинҳон сӯзаму пӯшида дорам дудро,
Чанд пинҳон сӯзаму пӯшида дорам дудро, Дуд бар оташ куҷо пӯшида дорад удро. Ноларо, гирам, ки барбандам раҳи берун шудан, Чун ба ҷойи худ нишонам ашки хунполудр
Чӣ нависаму чӣ гӯям сифати нигори худро,
Чӣ нависаму чӣ гӯям сифати нигори худро, Ба забон чӣ гуна орам ғами рӯзгори худро? Бизанам наво чу булбул, бикунам хурӯшу ғулғул, Чу ба коми худ надидам гулу ло
Эй бод, бар салом зи мо он дарахтро,
Эй бод, бар салом зи мо он дарахтро, Барге биёр булбули шӯридабахтро. Ошиқ касе бувад, ки чу Маҳмуди покбоз Хоки раҳи Аёз кунад тоҷу тахтро.
Азм кун, эй боди субҳ, баҳри Худоро,
Азм кун, эй боди субҳ, баҳри Худоро, Номаи Маҷнун бибар ба хаймаи Лайло. Гӯй ба Ширин фироқномаи Фарҳод, Гӯй зи Вомиқ салом хидмати Азро.
Варои ину он ёрест моро,
Варои ину он ёрест моро, Бурун з–он ину он корест моро. Буте дорам, ки пеши рангу рӯяш Гули сурхи чаман хорест моро.
Хилофи аҳд накардам ба ҳусни аҳди ту, ёро,
Хилофи аҳд накардам ба ҳусни аҳди ту, ёро, Хилофи аҳди ту кардан маро чӣ заҳраву ёро? Агар зи зулфи ту дастам расад ба ҳалқаи Каъба, Ба оби Замзами дида сафо ди
Нигоро, дилбаро, чобуксаворо,
Нигоро, дилбаро, чобуксаворо, Буто, кофирдило, бераҳм ёро. Макун дурӣ, макун аз мо ҷудоӣ, Ки ҳиҷронат парешон кард моро.
Бибин ба дидаи мо рӯи хештан, ёро,
Бибин ба дидаи мо рӯи хештан, ёро, Ки ҳукми оина шуд об дидаи моро. Ту сарви нози манӣ, сар чӣ макашӣ аз ноз, Гузар ба ҷониби оби равон тамошоро.
Оинаи худоӣ рухсори туст, ёро,
Оинаи худоӣ рухсори туст, ёро, Бигзор, то бибинам дар оина Худоро. Дар Каъбаи висолат гар бошадам мақоме, Аз Замзами ду дида обе занам Сафоро.
Чун Каъбаи васли ту мақом аст сафоро,
Чун Каъбаи васли ту мақом аст сафоро, Дар қибла худ о, то бипарастем Худоро. Чун ғунча касе ёфт ҳавои сари кӯят, К-андар дили тангаш набувад роҳ ҳаворо.
Эй чашми ту бар ҳам зада ҳоли дили моро,
Эй чашми ту бар ҳам зада ҳоли дили моро, Зулфи ту барошуфта мани бесарупоро. Он чашми сияҳдил, ки камон дорад аз абрӯ, Туркест, ки пайваста занад роҳи хаторо.
Гар он маҳро вафо будӣ, чӣ будӣ?
Гар он маҳро вафо будӣ, чӣ будӣ? В-араш тарс аз Худо будӣ, чӣ будӣ? Даме хоҳам, ки бо ӯ хуш бароям, Агар ӯро ризо будӣ, чӣ будӣ?
Азми куҷо кардаӣ боз, ки бархостӣ?
Азми куҷо кардаӣ боз, ки бархостӣ? Мӯй ба шона задӣ, зулф биёростӣ. Моҳ чу рӯйи ту дид, гуфт: Зиҳӣ некуӣ! Сарв, ки қадди ту дид, гуфт: Зиҳӣ ростӣ!