Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Риндию ҳаваснокӣ аз рӯзи азал дорам,
Риндию ҳаваснокӣ аз рӯзи азал дорам, Гар гардам аз ин холӣ, дар ишқ халал дорам. Қавлу амали воиз бисёр мухолиф шуд, Дар рост ман аз мутриб сад қавлу амал дорам
То зулфи ту бардоштаму рӯи ту дидам,
То зулфи ту бардоштаму рӯи ту дидам, Дар васф наёмад, ки чӣ дидам, чӣ кашидам. Ҷонам шаби ҳаҷри ту чу соғар ба лаб омад В-аз лаъли ту як рӯз ба коме нарасидам.
Эй дида, чӣ дидӣ зи мани хаста, ки ҳар дам
Эй дида, чӣ дидӣ зи мани хаста, ки ҳар дам Аз хуни ҷигар сурх кунӣ чеҳраи зардам? Дармонда ба дармони дилам халқи ду олам, В-огаҳ на табиби мани бечора зи дарда
Ҷумла вуҷуди ман туӣ, ман зи ҷаҳон бурун шудам,
Ҷумла вуҷуди ман туӣ, ман зи ҷаҳон бурун шудам, Дурри гаронбаҳо будам, ғарқаи мавҷи хун щудам. Ман зи нахуст дар ҷаҳон фош будам ба ақлу ҷон, Ишқ гирифт ину он,
Сарвро дидаму болои ту омад ёдам,
Сарвро дидаму болои ту омад ёдам, Зикри гул кардаму дар фикри рухат афтодам. Дар чаман рафтаму бо лолаву гулзори рухат Сифате кардаму доғе ба дилаш бинҳодам.
Риндона сокини сари кӯйи маломатам,
Риндона сокини сари кӯйи маломатам, Миннат, ки бо ҳазор маломат саломатам. Зоҳид маро ба роҳи саломат диҳад фиреб, Донад магар, ки толиби роҳи саломатам?
Ман агар аз сари мастӣ ба ҷунун пайвастам,
Ман агар аз сари мастӣ ба ҷунун пайвастам, Ба сари дӯст, ки девона наям, сармастам. Ман аз ин ҳастии худ ҳам ба гумон меафтам, Нест маълум, ки ман нест шудам ё
Ман гирди мастон даврҳо чун ҷоми май гардидаам,
Ман гирди мастон даврҳо чун ҷоми май гардидаам, Ҷуз лаъли дилбар ҳосиле беҳосилам, гар дидаам. Савдои чашми хешро ҳолӣ зи сар бурун кунам, Аз акси нури рӯи ту х
Ба дарди ишқ дармондам, раҳи дармон намеёбам,
Ба дарди ишқ дармондам, раҳи дармон намеёбам, Ки он мақсуд душвор асту ман осон намеёбам. Зи меҳри рангу рухсораш назар дорам ба гул, аммо Сабук безор мегардам,
Дигар раҳ бар Худо кардам таваккул,
Дигар раҳ бар Худо кардам таваккул, Маро аз хори ин раҳ бишкуфад гул. Маро бо ишқи хубон ҷонибе ҳаст, Ки майли ҷузв бошад ҷониби кул.
Шунидаем, ки ушшоқи мустақимаҳвол
Шунидаем, ки ушшоқи мустақимаҳвол Ба дарди ҳаҷр бимурданд бар умеди висол. Касе ба даври фурӯмоя дил чаро бандад, Ки дам ба дам мутағаййир шавад зи ҳол ба ҳол.
Эй чашми сиёҳи ту балои дили ошиқ,
Эй чашми сиёҳи ту балои дили ошиқ, Эй зулфи парешони ту маҷмӯи халоиқ. Бо орази ту дил набарад номи раёҳин, Бо чеҳраи ту кас набарад номи шақоиқ.
Ҳар кӣ бӯе ёфт аз бустони ишқ,
Ҳар кӣ бӯе ёфт аз бустони ишқ, Ғарқа шуд дар баҳри бепоёни ишқ. Дил чӣ бошад, қатрае аз баҳри шавқ, Ҷон чӣ бошад, гавҳаре аз кони ишқ.
Ман ҳавас дорам, ки бо ӯ хуш барорам як нафас,
Ман ҳавас дорам, ки бо ӯ хуш барорам як нафас, З-ин ҳавас гар сар шавад, аз сар нахоҳад шуд ҳавас. Гар моро хуршедрӯе сар ҳамебуррад ба теғ, Ман ба меҳраш мезан
Ҳаме дорам аз лутфи ту мултамас,
Ҳаме дорам аз лутфи ту мултамас, Ки бар мо ба туркӣ натозӣ фарас. Ба озори кас мулку дунё магир, Ки дунё наарзад ба озори кас.
Ин маро бас, ки таманнои ту меварзаму бас,
Ин маро бас, ки таманнои ту меварзаму бас, Ҳама дорам, ба висоли ту намеарзаму бас. Чун сапедор агар мева надорам, эй гул, Бар ту охир на ҳама сол ҳамеларзаму б
Варои риндию мастӣ маҷӯ зи гавҳари нос,
Варои риндию мастӣ маҷӯ зи гавҳари нос, Ки ишқ дурри ятим асту ҷоми май алмос. Ҷамоли сабзаву гул бин миёни саҳни чаман, Чунон ки Хизр нишинад ба суҳбати Илёс.
Рухатро нур бахшидан маёмӯз,
Рухатро нур бахшидан маёмӯз, Лабатро бода нӯшидан маёмӯз. Чу рондӣ аз мижа бо ҳалқи ман теғ, Маро дар хок ғалтидан маёмӯз.
Марҳабо, эй нигори рӯҳафрӯз,
Марҳабо, эй нигори рӯҳафрӯз, Шукри лиллаҳ, ки дидамат имрӯз. Баркашида туро Худои ҷаҳон Бар сари сарварон сару пирӯз.
Набошам бе ту як дам зинда ҳаргиз,
Набошам бе ту як дам зинда ҳаргиз, Ба рағбат ҳеҷ кас ҷон канда ҳаргиз? Сабо то гуфт пайғоми ту бо гул, Ба ҳам н–омад лабаш аз ханда ҳаргиз.
Шаробхорааму ринду масту шоҳидбоз,
Шаробхорааму ринду масту шоҳидбоз, Ба ҷурми хеш муқиррам, май ору шоҳид боз! Чу каъбатайн ҳама майли ман сӯйи нард аст, Қимор боз! Маро гуфтаанд, зарқ мабоз!
Аз чеҳра чӣ рангест, ки омехтаӣ боз,
Аз чеҳра чӣ рангест, ки омехтаӣ боз, В–аз турра чӣ шӯрест, ки ангехтаӣ боз? То боз ба ҳам барзадаӣ наргиси хунрез, Бас хун, ки ту бо хок баромехтаӣ боз.
Эй ба хубӣ бар ҳама хубон амир,
Эй ба хубӣ бар ҳама хубон амир, Мулки дилҳоро ба ҳусни хулқ гир. Турки чашмат гар ба ғорат бурд дил, Кард зулфи ҳиндуят ҷонро асир.
Ошиқон, дар ду ҷаҳон зикри шумо бод ба хайр,
Ошиқон, дар ду ҷаҳон зикри шумо бод ба хайр, Ёр дар савмааҳо нест, алайкум биддайр. Солике нест, ки роҳе ба Худо нанмояд, Ману риндӣ, ки кунад то ба дари майкад
Чашмони ту кашида камону кушода тир,
Чашмони ту кашида камону кушода тир, Ҷонро кунанд ғорату дилро баранд асир. Тира-ст бе ту чашми ман, эй моҳ, рух кушой, Дар по фитод кори ман, эй дӯст, даст гир