Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дархости ёрӣ аз остони пири номдори хеш Ҳазрати Асадуллохон Абдалишоҳ Кирмоншоҳонӣ
Ало, эй раҳнамо андар раҳи дил, Хидеви мулки ҷони Шоҳаншаҳи дил, Чу з-аввал дастгири ман ту будӣ, Ба роҳи ишқ пири ман ту будӣ,
Ба номи Он ки ӯ ном-офарин аст
Ба номи Он ки ӯ ном-офарин аст, Муназзаҳ з-оташ аз шибҳу қарин аст. Ба номи Он ки ин пайдоиш аз ӯст, Ҷаҳонро ҳастиву ороиш аз ӯст.
Май хоҳаму кунҷе, ки ба ҷуз ёр набошад
Май хоҳаму кунҷе, ки ба ҷуз ёр набошад, Ман бошаму вай бошаду ағёр набошад. Он ҷо асари раҳмати ҷовид тавон ёфт, К-он ҷо зи рақибони ту осор набошад.
З-он пештар, ки ҷонон ногаҳ зи дар дарояд
З-он пештар, ки ҷонон ногаҳ зи дар дарояд, Аз шодии висолаш тарсам, ки ҷон барояд. Носеҳ ба сабр моро бисёр хонд, лекин Мо ошиқему аз мо ин кор камтар ояд.
Ғаме, к-аз дарди ишқат бар дили ношод меояд
Ғаме, к-аз дарди ишқат бар дили ношод меояд, Агар бо кӯҳ гӯям, кӯҳ дар фарёд меояд. Дилам рӯзе, ки тарҳи ишқ меандохт, донистам, Ки гар созам бинои сабр, бебунё
Агар савдои ишқ ин аст, ман девона хоҳам шуд
Агар савдои ишқ ин аст, ман девона хоҳам шуд, Чӣ ҷои ошно? К-аз хеш ҳам бегона хоҳам шуд. Дамидӣ як фусун в-аз даст бурдӣ сабру ҳуши ман, Худоро, тарки афсун ку
Ин тозагул, ки мерасад, аз бустони кист?
Ин тозагул, ки мерасад, аз бустони кист? Нахли кадом гулшану сарви равони кист? Боз ин ниҳоли тоза, ки сар мекашад ба ноз, Сарви кашидақомату нозукмиёни кист?
Шишаи май дур аз лабҳои майгун мегирист
Шишаи май дур аз лабҳои майгун мегирист, То дили худро даме холӣ кунад, хун мегирист. Дӯш бар сӯзи дили ман гиряҳо мекард шамъ, Чашми ман он гиряро медиду афзун
Дорам шабе, ки дӯзах аз он шаб аломат аст
Дорам шабе, ки дӯзах аз он шаб аломат аст, Аз рӯзи ман мапурс, ки он худ қиёмат аст. Ё Раб, тараҳҳуме, ки зи санги ҷафои халқ Мо дилшикастаему зи ҳар сӯ маломат
Ишқбозӣ чӣ бало, фикри хатое будааст
Ишқбозӣ чӣ бало, фикри хатое будааст, Ишқ худ ишқ набудаст, балое будааст. Кош бинанд худобехабарон ҳусни туро, То бидонанд, ки моро чӣ Худое будааст.
Ҳар оташин гуле, ки бар атрофи хоки мост
Ҳар оташин гуле, ки бар атрофи хоки мост, Аз оташи дилу ҷигари чок-чоки мост. Домани гул зи хоки шаҳидон газаштай, Гарде, ки домани ту гирифтаст, хоки мост.
Ҳамчунин бераҳму сангиндил, ки ҷонони ман аст
Ҳамчунин бераҳму сангиндил, ки ҷонони ман аст, Кай дили ӯ сӯзад аз доғе, ки бар ҷони ман аст? Носеҳо, беҳуда мегӯӣ, ки дил бардор аз ӯ, Ман ба фармони дилам, ка
Дар дилам ҷуз ғами ҳиҷрони ту дигар ғам нест
Дар дилам ҷуз ғами ҳиҷрони ту дигар ғам нест, Дар ғами ишқи ту моро хабар аз олам нест. Хоки Одам, ки сириштанд, ғараз ишқи ту буд, Ҳар кӣ хоки раҳи ишқи ту наш
Гуфтӣ: «Бигӯ, ки дар чӣ хаёлию ҳол чист?
Гуфтӣ: «Бигӯ, ки дар чӣ хаёлию ҳол чист? Моро хаёли туст, туро дар хаёл чист?» Ҷонам ба лаб расид, чӣ пурсӣ зи ҳоли ман? Чун қуввати ҷавоб надорам, суол чист?
Бе ту ҳар рӯз маро моҳею ҳар шаб соле аст
Бе ту ҳар рӯз маро моҳею ҳар шаб соле аст, Шаб чунон, рӯз чунин, оҳ, чӣ мушкил ҳоле аст! Ҳаргизат нест бар аҳволи ғарибон раҳме, Мо ғарибему ту бераҳм, ғариб аҳ
Рӯзи Наврӯз аст, сарви гулъузори ман куҷост?
Рӯзи Наврӯз аст, сарви гулъузори ман куҷост? Дар чаман ёрон ҳама ҷамъанд, ёри ман куҷост? Гашта мардум ҳар яке имрӯз сайди чобук, Чобуки сайдафкани мардумшикори
Ин ҳама лола, ки сар барзада аз хоки ман аст
Ин ҳама лола, ки сар барзада аз хоки ман аст, Пораҳои ҷигари сӯхтаи чоки ман аст. Дарди ушшоқ зи дармони касе беҳ нашавад, Хосса дарде, ки насиби дили ғамноки м
Нодида мекунӣ, чу фитад дида бар манат
Нодида мекунӣ, чу фитад дида бар манат, Ҷонам фидои дидан у нодида карданат. Фардо, ки реза-реза шавад тан ба зери хок, Бархезаму чу зарра дароям зи равзанат.
Зулфи ту моҳро ба сияҳпӯшӣ оварад
Зулфи ту моҳро ба сияҳпӯшӣ оварад, Шаброву рӯзро ба ҳамоғӯшӣ оварад. Лаълат ба хатти сабз чу соқӣ шавад ба базм, Хизру Масеҳро ба қадаҳнӯшӣ оварад.
Гарчи сад ҷон дар раҳи ҷонон зиён хоҳем кард
Гарчи сад ҷон дар раҳи ҷонон зиён хоҳем кард, Ҳар чӣ хоҳад хотири ӯ, ончунон хоҳем кард. Дар дилаш ҷунбид меҳр аз нолаи мо андаке, Андак-андак бо худ ӯро меҳруб
З-офтоб ба рашкам, ки зери пои ту афтад
З-офтоб ба рашкам, ки зери пои ту афтад, Зи соя низ, ки чун зулф дар қафои ту афтад. Ба ҳар бало, ки расад аз ту, ғайри шукр нагӯям, Маро атост балое, ки аз бар
Ҳеҷ шаб тири ғамат бар дили шайдо нарасад
Ҳеҷ шаб тири ғамат бар дили шайдо нарасад, Ки фиғонам ба маҳ, оҳам ба Сурайё нарасад. Он, ки васли ту з-имрӯз ба фардо андохт, Дорам уммед, к-аз имрӯз ба фардо
Кай бувад, кай, ки зи хони ту салое бирасад
Кай бувад, кай, ки зи хони ту салое бирасад, В-аз наволи ту навое ба годое бирасад! Марази шавқи ту шуд саъбу аз он ҷо набарам, Гарна аз ваъдаи васли ту шифое б
Куҷо шуд он, ки шаб маҳ ба хонаи ман буд?!
Куҷо шуд он, ки шаб маҳ ба хонаи ман буд?! Ниҳода гӯшаи ризо бар фасонаи ман буд?! Зи баски бар рухи ӯ мезадам таронаи шавқ Самоъи маҷлисиён бар таронаи ман буд
Бар тарфи боғ аҷаб дилкаш аст сояи бед
Бар тарфи боғ аҷаб дилкаш аст сояи бед, Ки ламъа-ламъа дурахшад аз он миён хуршед. Занад чашмакат он ламъаҳо зи ҷунбиши бод, Ки хез дидаи ибрат кушо ба лолаву х


