Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳта
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Эй мурдаи такаллуф, аз кайфу кам бурун о,
Эй мурдаи такаллуф, аз кайфу кам бурун о, Гоҳе ба рағми дониш, девона ҳам бурун о. То аз гулат ҷуз исор ранге дигар нахандад, Сар то қадам, чу хуршед, дасти кар
Асар дур аст аз ин ёрон ҳуқуқи ошноиро
Асар дур аст аз ин ёрон ҳуқуқи ошноиро, Сару гардан магар зоҳир кунад дарди ҷудоиро. Зи бедардӣ ҷаҳоне ғофил аст аз офият ин ҷо, Чӣ донад устухоннашкаста қадри
Аз ном агар нагзарӣ, аз нанг бурун о
Аз ном агар нагзарӣ, аз нанг бурун о, Эй накҳати гул, андаке аз ранг бурун о. Олам ҳама аз боли парӣ оина дорад, Гӯ, шиша намудор шаву санг бурун о.
Оинаи чандин табу тоб аст дили мо
Оинаи чандин табу тоб аст дили мо, Чун доғи ҷунун шуъланиқоб аст дили мо. Умрест, ки чун оина дар базми хаёлат Ҳасратнигаҳи як мижа хоб аст дили мо.
Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлуйи аҷз аст роҳ он ҷо
Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлуйи аҷз аст роҳ он ҷо, Сари мӯе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо. Адабгоҳи муҳаббат нози шӯхӣ барнамедорад, Чу шабнам сар ба муҳр
Дил агар маҳви муддао гардад
Дил агар маҳви муддао гардад, Дард дар коми мо даво гардад, Туъмаи дард агар расад дар ком, Ҳар магас ҳамсари ҳумо гардад,
Вой, пайванди сухансанҷон намонд
Вой, пайванди сухансанҷон намонд, Такягоҳи соҳиби ирфон намонд. Рафт аз офоқ лутфи адлу дод, Баркати дин, қудваи инсон намонд,
Имшаб зи сози мино гарм аст ҷои мутриб
Имшаб зи сози мино гарм аст ҷои мутриб, Кӯк аст қулқули май бо нағмаҳои мутриб. Дарюза чашм дорем аз косаҳои танбӯр, Дар ҳаққи мо баланд аст дасти дуои мутриб.
Чист одам?
Чист одам? Муфради килки дабиристони Раб, К-ин ҳама авзои асморост таркибаш сабаб. Зодаи илми маволидаш ҷаҳони моу тин, «Лаямлид ламюлад»-аш оинаи асли насаб.
Нагӯямат, ки чунин кун ва ё чунонам кун
Нагӯямат, ки чунин кун ва ё чунонам кун, Бубин ба рангаму ҳар ч-он писандӣ, онам кун. Дар ин диёр агарчи ғарибу гумномам, Ту ёри ман шаву машҳур дар ҷаҳон ам ку
Ранҷбарҳоям, ҷуз шӯро ба мо даркор нест
Ранҷбарҳоем, ҷуз шӯро ба мо даркор нест, Аз барои мо амиру кадхудо даркор нест. Бо усули дастаҷамъӣ кори худро мекунем, Дасти зулми пиру шайху подшоҳ даркор нес
Таронаи инқилоб
Шуд мусаллаҳ ситам бар зидди мо, Сарбозони озодӣ, ассалом! Эй инқилобчиён, ба пеш! Зери байрақи сурхи хеш,
Чӣ мешуд, торе аз мӯи ту меуфтод дар дастам
Чӣ мешуд, торе аз мӯи ту меуфтод дар дастам, Ки бо он ин дили девонаро занҷир мекардам. Худо нокарда, гар ман мӯътақид будам худоеро, Парастишгоҳи онро қуллаи П
Хандонтар аз ин лаъли ту як гул ба ҷаҳон нест
Хандонтар аз ин лаъли ту як гул ба ҷаҳон нест, Мавзунтар аз ин қадди ту як сарви чаман нест. Бигзор, ки ҷонам биравад дар роҳи ҷонон, Дар сӯқи муҳаббат сухани с
Қасам ба рӯйи ту, к-аз ҷони ман азизтар аст
Қасам ба рӯйи ту, к-аз ҷони ман азизтар аст, Ки шаҳди хандаи ту бештар зи найшакар аст. Ба ҷурми меҳри туам шайх агар кунад такфир, Аҷаб мадор, ки ин хар зи ишқ
Хунобаи ин синаам, эй ёри хуҷандӣ
Хунобаи ин синаам, эй ёри хуҷандӣ, Дил буд, ту онро ба чунин рӯз фикандӣ. Хубӣ ту, вале ҳайф, ки ушшоқфурӯшӣ, Ҷононаӣ, афсӯс, ки бегонаписандӣ.
Ин осмоннавард ба сӯйи ту мепарад
Ин осмоннавард ба сӯйи ту мепарад, Моро дар ин ҳаво ба ҳавои ту мебарад. Дар мартаи кабуди фалак ин ҳавонавард Монанди оҳуест, ки озода мечарад.
Дар он дам гар ба хунаш менишондам
Дар он дам гар ба хунаш менишондам, Ба подоши бад ӯро мерасондам, Пайи осоиши дил кардаме ин, На баҳри эзаду дар поси ойин.
Ҳушанг
Чу бар тахти шаҳӣ биншаст Ҳушанг, Аз ӯ бигрифт гетӣ фарру фарҳанг. Шаҳаншоҳе бузургу номвар буд, Хидеве меҳрубону додгар буд.
Бастаҳои зерин бе камубеш андарзҳои Каюмарз аст, ки ононро баҳам пайваста ва “баста” намудам
Намояд шодии бисёр зиштат, Бирӯяд худ ба рустӣ дар сириштат. Сириштат чунки гармӣ кам намояд, Аз он бемории андӯҳ бизояд,
Сиёмак
Аз он Шаҳзода фарзанде баҷо буд, Ки покизаниҳоду порсо буд. Зи бас Шаҳзода буд боҳушу фарҳанг, Шаҳаншаҳ карда будаш ном Ҳушанг.
Шоҳаншоҳи пешдодиён
Зи ҳар қавме, ки аз навъи башар буд, Нажоди пешдодӣ бештар буд. Нахустинтар буданд аз ҳар нажоде, Аз он рӯ номашон шуд Пешдодӣ.
Оғози сухан
Кунун бо ёрии бахшанда Яздон, Дар-орам Рахши маъниро ба ҷавлон. Зи таърихи нажоди хеш гӯям, Дуруст онро – на кам, на беш гӯям.
Ниёиш ба равони поки сари донишварон Фирдавсии Тӯсӣ
Ба пеши дахмаи донои Тӯсӣ Сазад Лоҳутиё, гар хок бӯсӣ. Ситоиш сар кунӣ бар он хирадманд, Ба сони банда дар пеши Худованд.
Дар ниёиш ба даргоҳи Эзади тавоно ва Яздони бахшандаи меҳрубон
Худовандо, ба Лоҳутӣ карам кун, Сарашро хоки роҳи он қадам кун. Агарчи ҷурмаш аз андоза беш аст, Дил аз шарми гуноҳаш реш-реш аст,

