Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Туву сайри боғу гулшан, ману кӯи бенавоӣ
Туву сайри боғу гулшан, ману кӯи бенавоӣ, Туву айшу шодмонӣ, ману оташи ҷудоӣ. Туву ҳукму комронӣ, ману меҳнати асирӣ, Туву тарзи худнамоӣ, ману дар ба дар гадо
Эй ки аз зулфи сияҳ бар рух ниқоб андохтӣ
Эй ки аз зулфи сияҳ бар рух ниқоб андохтӣ, Оташе дар синаи ҷони кабоб андохтӣ! Беқарор аст мавҷи симоби рухат бар абрувон, Акси рухсорат магар бар рӯи об андохт
Офтоби ҳусн ҳар ҷо оташафшон мешавад
Офтоби ҳусн ҳар ҷо оташафшон мешавад, Соябонаш турраи зулфи парешон мешавад. Гар ба чашми тарбият бинад фурӯғи офтоб, Ҳар куҷо санге бувад, лаъли Бадахшон мешав
Сиришки дидаам имшаб чунон мастона меояд
Сиришки дидаам имшаб чунон мастона меояд, Ки пиндорӣ бурун аз тан дили девона меояд. Ба хун оғушта дил чандон ба зери хок пинҳон шуд, Ки санги дарди ғам бар син
Баски бедоду ситам бар ман зи гардун меравад
Баски бедоду ситам бар ман зи гардун меравад, Мурғи рӯҳам аз қафас ҳар лаҳза берун меравад. Хӯрдаам хуни ҷигар чандон ки чун банди ҳиной, Ҷои об аз дидаи ман аш
Бар муроди мо на ин гардуни дун кам меравад
Бар муроди мо на ин гардуни дун кам меравад, Бар муроди дигарон ҳам гардани хам меравад. Ин дилозорӣ фалак бо мо на танҳо мекунад, Расму ойин аст, к-аз даврони
Бе рӯи ёр бода бинӯшад касе чаро?
Бе рӯи ёр бода бинӯшад касе чаро? Рӯи риё ба ишқ фурӯшад касе чаро? Не нолае ба синаву не ашки ҳасрате, Бар рӯи булбулон нахӯрӯшад касе чаро?
Оташафрӯз шуда, то пари парвонаи мо
Оташафрӯз шуда, то пари парвонаи мо, Рӯшноӣ надиҳад шамъ ба кошонаи мо. Дида то чанд фишонад дури ашкам? Сад ҳайф Муфт рафт аз кафи мо гавҳари якдонаи мо.
Сахт душвор аст гуфтан маънии ногуфтаро
Сахт душвор аст гуфтан маънии ногуфтаро, Сӯзани алмос бояд гавҳари носуфтаро. Мекунад гар нола булбул дар чаман айбаш макун, Сайри гулшан бишкуфонад хотири ошуф
Чанд дилро орзу дидани гулзорро?
Чанд дилро орзу дидани гулзорро? Саҳни қафас гулшан аст мурғи гирифторро. Дил, ки гарав шуд ба ишқ аз ғами ҳиҷрон чӣ бок? Ваъда қиёмат бувад толиби дидорро.
Мо гирифторони ишқу аз ҷаҳон осудаем
Мо гирифторони ишқу аз ҷаҳон осудаем, Пой то сар лаззати дардем, з-он осудаем. Базмгоҳи мо ғамистон асту бода хуни дил, Мастие дорем, к-аз кавну макон осудаем.
Дӯш бо гул сӯҳбате бар ёди булбул доштам
Дӯш бо гул сӯҳбате бар ёди булбул доштам, Чун суроҳӣ дар гулӯ то субҳ қулқул доштам. Лахти дил мешуд маро бар оташи ҳиҷрон кабоб, Ғам анисам буд, аз хуни ҷигар
Ба сина оташи шавқи ту то ватан дорад
Ба сина оташи шавқи ту то ватан дорад, Дилам зи доғи муҳаббат чаман-чаман дорад. Зи теғи ғамзаи ҷонон даруни сина ниҳон, Чӣ захмҳо, ки дили нотавони ман дорад.
Дарде, ки дар оини вафо ҳамраҳи ҷон нест
Дарде, ки дар оини вафо ҳамраҳи ҷон нест, Дардест, ки ин қобили пайдову ниҳон нест. Аз бахти сияҳ шикваам ин аст, ки чун аст Рӯзи тарабам ҳамчу шаби мотамиён не
Даро ба хонаи арбоби дил, ки ҷо ин ҷост
Даро ба хонаи арбоби дил, ки ҷо ин ҷост, Тариқи мардуми бегонаошно ин ҷост. Ба ҷустуҷӯи Масеҳо марав, ки аз сари сидқ Ҳазор дард бувад гар туро, даво ин ҷост.
Маҳраме ку, то бигӯям қасди он маккора чист?
Маҳраме ку, то бигӯям қасди он маккора чист? Боиси чандин ситам бар хонумоновора чист? Мерабояд ҷазбаи ишқи ту дилро аз кафан Дар чунин расво шудан ҷурми мани б
Рехт бар хоки мазаллат баски оби рӯи мо
Рехт бар хоки мазаллат баски оби рӯи мо, Обрӯи худ наёбад ранги мо бар рӯи мо. Гар ба фарқи мо ниҳад сад кӯҳи меҳнат рӯзгор, Чини пешонӣ набинад гӯшаи абрӯи мо.
Гар маҳи ҳуснат барояд рӯ ба рӯи офтоб
Гар маҳи ҳуснат барояд рӯ ба рӯи офтоб, Аз хиҷолат зард гардад рангу рӯи офтоб. Сайри дарё кард умре дар тамошое ҳануз Тар нашуд аз қатраи обе гулӯи офтоб.
Зи ҷабри аҳли ситам дӯстон, чӣ чора кунам?
Зи ҷабри аҳли ситам дӯстон, чӣ чора кунам? Ба ғайри он ки гиребони сабр пора кунам. Куҷост ҷазбаи девонагии мадҳушӣ! Ки аз миёни ҷафопешагон канора кунам.
То ном зи ишқи ёр бурдем
То ном зи ишқи ёр бурдем, З-оинаи дил ғубор бурдем. Азбаски зи дида хун фишондем, Равнақ зи гули баҳор бурдем.
З-андоза бурун дар дил андӯҳу ғаме дорам
З-андоза бурун дар дил андӯҳу ғаме дорам, Дар сина ба ҳар узве пинҳон аламе дорам. Бас хуни ҷигар ояд аз гиря ба чашмонам, Аз ҳар мижаам ҷорӣ ҷӯе зи ғаме дорам.
Ку даме, к-аз дил маро оҳи парешон барнахост
Ку даме, к-аз дил маро оҳи парешон барнахост, Аз ду чашми хунфишонам мавҷи тӯфон барнахост. Гиряам дасти талаб аз доманам кӯтаҳ накард, Мавҷаи тӯфони ашкам то з
Манам, ки партави хуршед дуди оҳи ман аст
Манам, ки партави хуршед дуди оҳи ман аст, Чароғи шоми абад оҳи субҳгоҳи ман аст. Зи дарди дил ба кӣ гӯям, шикояти кӣ кунам? Ки душмани дилу ҷонам ҳамин нигоҳи
Дастпарварди ҷунунам, сари пайкорам нест
Дастпарварди ҷунунам, сари пайкорам нест, Заҳрошоми фироқам ба ватан корам нест. Шарбати васл куҷоӣ, ки аз ин беш маро, Тоқати ташналабӣ бо дили беморам нест.
Розест маро, ки гуфтанӣ нест
Розест маро, ки гуфтанӣ нест, В-ин роз зи кас нуҳуфтанӣ нест. З-он пунбаи ғафлатам ба гӯш аст, К-он рози ниҳон шунуфтанӣ нест.