Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дилбазан шудам охир бо ҳамешапайдоӣ,
Дилбазан шудам охир бо ҳамешапайдоӣ, Чист ин дурахшидан ғайри бетаҷаллоӣ. Бо ҳузури афзунам чашми дӯст озурдам, Боз боядам рафтан бар ҳарими танҳоӣ.
Оварам сурхкитобе ба шумо эҳдоӣ,
Оварам сурхкитобе ба шумо эҳдоӣ, Ҷои нашраш бувад он мамлакати болоӣ. Адади нашр варо як бувад, ин якторо Ту, аё аз ҳама Якто, ту фақат мешоӣ.
Ба ҷони ташнаи ман рӯдвора меоӣ,
Ба ҷони ташнаи ман рӯдвора меоӣ, Ба зери шонаи чап санги хора меоӣ. Ҳуҷаста омаданат, эй фари ҳумоюнӣ, Ки бар ҷабини мани беситора меоӣ.
Оинаро шикастам бо ҷурми баднамоӣ,
Оинаро шикастам бо ҷурми баднамоӣ, Айби танам бубахшой, эй ҷони кибриёӣ. Аз қуллаи тафаккур, аз ҷаннати тасаввур Дар хоки раҳ фитодам охир мани ҳавоӣ.
Эй дил, дили чӯбина, тобути таманноӣ,
Эй дил, дили чӯбина, тобути таманноӣ, Паркандаи дирӯзӣ, шабмондаи фардоӣ. Дар панҷараи сутхон пар-пар заду нолиш рехт, Ин булбули лоҳутӣ в-ин лолаи миноӣ.
Мисли худ биё, ёро, мисли кас чӣ меоӣ,
Мисли худ биё, ёро, мисли кас чӣ меоӣ, Ҳаммақоми анқоӣ, дастрас чӣ меоӣ. Аз назаргаҳи чашмам, аз гузаргаҳи умрам Рафтаӣ, Худо ёрат, бозпас чӣ меоӣ.
Ассалом, эй танини зебоӣ,
Ассалом, эй танини зебоӣ, Эй нузули фари аҳуроӣ. Ғарқаӣ, ғарқа дар бузургии хеш, Саркаши мавҷзоди дарёӣ.
Ман, ки дарахти шабам, меваи моҳам бидеҳ
Ман, ки дарахти шабам, меваи моҳам бидеҳ В-ар шафақоғуштаам, бӯи пагоҳам бидеҳ. Рӯшаниямро бубин, айнаки шомӣ бикун, Тирагиямро нигар, ранги рафоҳам бидеҳ.
Зи ҳамлаҳои зиндагӣ гурезаро паноҳ деҳ,
Зи ҳамлаҳои зиндагӣ гурезаро паноҳ деҳ, Ту дар кушой, эй сухан, маро ба хона роҳ деҳ. Гурехтам зи мардумон, зи хеш ҳам гурехтам, Ба хилвати ту омадам, бимон мар
Дард додӣ маро, даво ҳам деҳ,
Дард додӣ маро, даво ҳам деҳ, Роҳи дафъи баду бало ҳам деҳ. Гаҳ ба таҳ мебарӣ, гаҳе бар авҷ, Иқтидори баро фаро ҳам деҳ.
Ишқ, эй муршиди ман, номаи иршодам деҳ,
Ишқ, эй муршиди ман, номаи иршодам деҳ, Мурда ҳам бошам агар, ҳуҷҷати милодам деҳ. Ёдат, эй ёр, раҳи фикри маро мебандад, Муждаи баршудан аз панҷаи ҷаллодам деҳ
Монда дар сабадшоха нони ширмоли маҳ,
Монда дар сабадшоха нони ширмоли маҳ, Субҳ рафту шом омад, дил намезанад чаҳ-чаҳ. Ҷомае, ки монд аз муд, дар навӣ куҳан гардад, Хуфта зери сандуқам орзуи таҳ ба
Чӣ гуна меравам, эй дӯст, бар идомаи роҳ,
Чӣ гуна меравам, эй дӯст, бар идомаи роҳ, Ки субҳ н-омада бегоҳ шуд, бале, бегоҳ. Ба хусравӣ бишунав ин фасонаи ширин Зи ҳаҷр низ дарозу зи васл ҳам кӯтоҳ.
Фалакро кардаӣ аз роҳ бероҳ,
Фалакро кардаӣ аз роҳ бероҳ, Ало, эй ишқ, ишқи ғофилогоҳ. Дили ман лек бепарвофалак шуд Пас аз сад латмаву сад зарби ҷонкоҳ.
Бекасему танҳоем андар ин раҳи кӯтоҳ,
Бекасему танҳоем андар ин раҳи кӯтоҳ, Ҳеч кас набуду нест аз давоми раҳ огоҳ. Зиндагӣ зи ташвишаш гирди ман ҳисоре сохт, Гаҳ гадои озодам, гоҳ бандиям чун шоҳ.
Оему равем гоҳу бегоҳ,
Оему равем гоҳу бегоҳ, Мирему зием хоҳу нохоҳ. Эй вақт, маро ба бод додӣ Бо рафтани ҷисмкоҳу ҷонкоҳ.
Эй дил, чӣ нолӣ дар ҳалқаи оҳ,
Эй дил, чӣ нолӣ дар ҳалқаи оҳ, Боре нидо кун: алҳамдулиллоҳ. Ғафлат чашидӣ аз себи дониш, Боре чӣ дидӣ, эй ҷони огоҳ.
Равонем мо ҳам ҳамора, ҳамора,
Равонем мо ҳам ҳамора, ҳамора, Намонем мо ҳам, чӣ чора, чӣ чора. Бад-ин беқарорӣ, бад-ин ҳечкорӣ Надонам, ки ҳастам чикора, чикора.
Моем аҳли нокуҷо сад аср ё як сония,
Моем аҳли нокуҷо сад аср ё як сония, Афтода дар меҳмонсаро сад аср ё як сония. Аз ибтидо то интиҳо в-аз мунтаҳо то мубтадо Будаст тӯли рафтуо сад аср ё як сония
Рафтем, рафтем то бекарона,
Рафтем, рафтем то бекарона, То авҷ, то авҷ, авҷи тарона! Он сӯи дарё шаҳрест зебо, Шаҳри ману ту - шаҳри фасона.
Бигзор зияд як дам хуршед дар оина,
Бигзор зияд як дам хуршед дар оина, Хуршеди мано, хуш бош дар он тарафи сина. Баршав, ки ту ҳам бошӣ ҳаммартабаи хуршед, Хуршед наметаркад бо бомбаву бо мина.
Чу баҳор мебиёям ҳама гул, ҳама тарона,
Чу баҳор мебиёям ҳама гул, ҳама тарона, Ба ту чеҳра менамоям ҳама гул, ҳама тарона. Нафаре агар бипурсад, ки ба чанд медароӣ, Ба ҳазор медароям ҳама гул, ҳама т
Гулоғӯшам ҷавона дар ҷавона,
Гулоғӯшам ҷавона дар ҷавона, Чӣ хомӯшам тарона дар тарона. Маро бахшо, ки имрӯзу ҳама рӯз Дили ман метапад нодилбарона.
Дил масту табоҳ меравад. На?!
Дил масту табоҳ меравад. На?! Бо тӯшаи оҳ меравад. На?! Бо он ки муносиби ҷазоҳост, Ӯ ҷоизахоҳ меравад. На?!
Дарро зи дарун бибанд, эй ишқ, дарро бикушо ба
Дарро зи дарун бибанд, эй ишқ, дарро бикушо ба бекарона, Берун қадамест бенишона, дохил ҳарамест ҷовидона.