Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ленин дар Помир
Не хурусе ҷеғ зад шаб, бемаҳал, Не ситора бар замин афтида буд, Не ба боми хонае чуғзе нишаст, Не касе дар хоб море дида буд.
Духтарони Дарвоз
Мевазад боди тозаву форам, Барги гулҳо ба ҷунбишанд аз он. Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам, Ин суруди қадими куҳистон:
Ҳушёр шав
Фарзанди пуршаъни Ватан. Боши дилу ҷони Ватан, Ҳастӣ нигаҳбони Ватан! Ҳушёр шав, ҳушёр шав!
Паймонаи дилҳо
Сафоул айши мавкуфун бикаъсин минка фабзилҳо, Кадиштоқат лаҳо нафсӣ ҳабибӣ ло тумотилҳо. Биёр он нуқли софу гавҳари рахшанда, эй соқӣ, Ки аз аксаш шавад гетинам
Ту шаҳи ҳусну ман гадо
Эй қади ҷилвапарварат, нахли хадиҳаи вафо, Ҷӯши сафои оразат ранги баҳори муддао. Субҳ ниқобат, эй парӣ, то ки фикандӣ дар чаман, Чид саросар аз арақ шиша ба рӯ
Хуш он ошиқ, ки дорад дар баҳори шавқҷӯшиҳо
Ба ёди лаълаш аз хуни дили худ боданӯшиҳо. Ҳузури ҷилваи ӯ эҳтишоме дар дилам дорад, Ки менолад нафас дуздида аз ҳайратсурӯшиҳо. Зи сози лаб кушудан ғунча бинад
Ҷавҳарӣ, саргаштаи таҳқиқи инсониятам
Гарчи зоҳир ҳамли онро бар худ осон доштам. Ба ёди лаълаш
Фитратэҷодам, ки ҳангоми сибо ҳам дар сухан
Гӯи сабқат бурдане аз нуктасанҷон доштам. Гар ман аз қодиркаломӣ дам задам бо муддаӣ, Аз баёни муъҷизе татбиқи бурҳон доштам.
Дар шаҳодатгоҳи ноз
Шаб, ки ёди турраи мушкини ҷонон доштам, Хотире ошуфтатар аз сунбулистон доштам. Аз хаёлаш баски меоростам базми тараб, Аз дили доғофарин тарҳи чароғон доштам.
Домани афсун мазан
Ҳарфҳои имтиҳонӣ бо мани мафтун мазан, Оташи дилро зи шӯхӣ домани афсун мазан. То ҷунунфаввора аз чашмам нагардад хуни дил, Наштари ғам бар раги ҷони мани маҳзу
Ҳайрати дидори ту дорам
Ойинааму ҳайрати дидори ту дорам, Доғи диламу сӯзу ғами ишқи ту корам. Ҳар ҷо ки кушояд мижа оғӯши тамошо, Найранги таҷаллӣ кунад ойина дучорам.
Дил бурд раънои дигар
Боз ин дили мафтуни ман дорад таманнои дигар, Гул карда аз Маҷнуни ман савдои Лайлои дигар. Дод аз дили ғампарварам, к-ошуфта дорад яксарам, Яъне ки орад дар ба
Наргиси маст
Меҳрпайкар дилбаре дорам, аҷаб олиҷаноб, Наргисаш айни итоб, абрӯш мадди офтоб. Сад баҳор ойинаи ҳайратпарасти ҳусни ӯст, Сад чаман гул пеши рӯяш аз хиҷолат ғар
Ғамзаи абрӯ
Ваҳ, ки дил бурд зи як ғамзаи абрӯи ҳилол Моҳи ойинамисолу бути хуршедҷамол. Лоларухсораву гулоразу товусхиром, Навбаҳори чамани олами найрангу камол.
Нашавад махзани асрори маориф ҳаргиз
Дили он кас, ки назар ҷониби дунё дорад. Субҳи маънӣ зи саводи рақамаш кард тулӯъ Гӯй ҷайби найи килкам яди байзо дорад. Ҷавҳарӣ, аз гуҳариншоии мавҷат пайдост,
Барнахезам аз кӯят
Аз ҷунуни савдоят маҳшаре ба сар дорам, З-оташи таманноят сӯз дар ҷигар дорам. Эй парӣ, куҷоӣ ту, рух наменамоӣ ту, Ҳон, биё ба сарвақтам, к-аз ҷаҳон сафар дора
Шуълаи дил
Сабо чи туҳфа расонд аз чаман димоғи маро, Ки тоза кард ҳавояш баҳори доғи маро. Зи шуълаи дили ман гул намекунад пастӣ, Ки шуд фатила зи мағзи ҷунун чароғи мар
Аз ҳуҷуми дарди ишқ
Намуд азбас ҳуҷуми дарди ишқи ӯ забунҳолам, Чу нақши бурё афтодаам, чун соя помолам. Дар ин хирмансаро аз созу барги ман чӣ мепурсӣ? Адамсармояаам, мавҷи сароба
Аз ҳалқаи гесӯ
Ранге шикан аз чеҳра ба савдояшу зар гир, Ашке бифишон дар ғамаш аз чашму гуҳар гир! Оҳе, ки кашӣ, турраи шоми тараб ангор, Гарде ки кунад гул зи нафас, файзи с
Гесӯи мушкинат
Биё, эй ҷону дилҳо волаи гулбарги рангинат, Чаман то анҷуман ҳайратпарасти ҳусни ойинат. Баёзи субҳи иди ошиқон тарфи баногӯшат, Саводи шоми қадри бедилон гесӯи
Ба ёди лаъли ширинат
Биҳишт андешае аз гулшани андози ойинат, Баҳор ойинае аз ҷилваҳои ҳусни рангинат. Латофат унсури кайфияти гулзори симоят, Назокат обу тобе дар мизоҷи барги наср
Тоби сари зулф
Эй зи тоби сари зулфи ту шикасти дили мо, Ҳайрат аз ёди ту ойинапарасти дили мо. Восили чун ту нагаштем, зи худ нагзаштем, Нест шуд дар ту, ту гаштӣ ҳама ҳасти
Мӯкамари мо
Эй бехабар аз нолаю оҳи саҳари мо, Як бор хабар гир зи сӯзи ҷигари мо. Дар ишқи ту қисмат нигар аз матбахи айём, Лахти ҷигари сӯхта шуд моҳазари мо.
Шаҳди лаб бинед
Назокати қади ҷонону шаҳди лаб бинед, Назар ба нахла намоеду он рутаб бинед. Миёни халқаи ӯ бингаред орази ӯ, Тамаъ кунед, ки хуршед ними шаб бинед.
Даҳони шаккарафшон
Ба рамзи савти зеру бам агар пардохтӣ ҳушат, Ҷавоҳирхонаи асрор як сар мешудӣ гӯшат. Саре дорӣ дар ин маҳфил, зи мағзи маърифат пур кун Вагарна чист ҳамли ин ка

