Аз он рӯзе, ки ман дар ҳалқаи зулфи ту афтодам,
Аз он рӯзе, ки ман дар ҳалқаи зулфи ту афтодам,
Саропо қайд будам, гӯиё кардӣ ту озодам.
Ба ошиқ талхии ҳиҷрони лайлиталъатон ширин,
Аз он дар кӯҳу саҳро ҳамдами Маҷнуну Фарҳодам.
Гиёҳи ташнаам сар барзада дар водии ҳасрат,
Зи навмедӣ самар оварда нахли кулфатэҷодам.
Тилисми унсурам дур аст аз обу гилу оташ,
Надорад киштии тан мавҷро лангар ба ҷуз бодам.
Ба афсуни дили худ оламе зери нигин дорам,
Ки нақши хотами дасти Сулаймон аст авродам.
Шаби ҳиҷрони ман бо кокули ӯ нисбате дорад,
Парешонӣ маро сармоя шуд, аммо бад-ин шодам.
Бувад пайваста Туғрал андалеби гулшани кӯяш,
Ба ёди хандаи лаълаш чу най умре ба фарёдам.