Хиҷолатмояам, вазъи парешонист бунёдам,
Хиҷолатмояам, вазъи парешонист бунёдам,
Гулоби хиҷлат аз сунбул кашад тасвири Беҳзодам.
Нигоҳи ҳайратам аз нақши пои ӯ сабақ гирад,
Магар акси рухи ойина буд сармашқи устодам?!
Муаммои сари зулфаш ба ҷуз аз шона накшояд,
Аз он дар боғ зери сояи мавзуни шамшодам.
Сипанди доғи рашкам сӯхт, аз дил сар занад нола,
Ту пиндорӣ ба санги сурма хобида-ст фарёдам.
Ба савдои хаёлаш шуҳраи офоқ гардидам,
Таманнои висолаш дод ному нанг бар бодам.
Шикасти дил ба санги яъс пайғомест ҷамшедӣ,
Садои косаи чинӣ диҳад Фағфурро ёдам.
Аз он гардидаам дар авҷи дониш Туғрали маънӣ,
Ба қайди лафзи нозук баски шоҳин буд сайёдам.