Бишнавад булбул агар андар гулистон нолаам,
Бишнавад булбул агар андар гулистон нолаам,
Мекунад андар чаман тамҳиди сомон нолаам.
Баҳри сози хеш най аз чӯби тӯбо боядам,
То расад дар гӯши он сарви хиромон нолаам.
Арзи матлаб нест ҳоҷат пеши арбоби карам,
Сар занад дар по-ш аз чоки гиребон нолаам.
Сӯхтам парвонасон дар оташи шавқи амал,
Мекунад дар шоми ғам ҷӯши чароғон нолаам.
Зинҳор, эй орзу, густох бар он дар марав,
Хусрави ғамро бувад имрӯз дарбон нолаам.
Хӯшачини хирмани гесӯи мушкинаш будам,
З-он сабаб рафта-ст андар сунбулистон нолаам.
Сози мо ҳарчанд дар бозори ибрат камбаҳост,
Назди ушшоқ аст лекин хуштар аз ҷон нолаам.
Нест ҳоҷат дар маризи ишқ доруе дигар,
Ҳаст дар захми ғами ӯ баски дармон нолаам.
Нолам аз як мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст:
«Дарди он дорам, ки хоҳад шуд парешон нолаам».