Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

То ба маншури сухан сармашқи туғро гаштаам,

То ба маншури сухан сармашқи туғро гаштаам, Як ҷаҳон мазмуни як олам муаммо гаштаам. Чашми бад дур аз барам имрӯз ҳамчун офтоб, Аз сафои дил дар оғӯши Масеҳо гаштаам. Баски дар баҳри маонӣ ғӯта хӯрдам чун гуҳар, Муштамил бо чанд маънӣ ҳамчу улё гаштаам. То кушодам уқдаҳои нусхаи дарси адаб, Сархати ҷамъияти иқди Сурайё гаштаам. Умрҳо бигзашт, андар боғи имкон ҳамчу гул Хуни дил хӯрдам, ки то маҳбуби дилҳо гаштаам. Меравам аз хеш чун дарё, вале монанди мавҷ Аз хаёли зулфи ӯ занҷирбарпо гаштаам. Гарчи суфтам сад гуҳар бо мисқаби теғи забон, Лек аз бетолеъиҳо сахт расво гаштаам. Дам ба дам з-андешаи ӯ дар хаёлободи дил Ҳамчу моҳӣ дар муҳити ишқ бепо гаштаам. Гуфтамаш: «Бо зулфи ӯ дарҳам чаро печидаӣ?!» Гуфт: «Дар сайди бараҳман чун чалипо гаштаам». То сухан санҷидаам, Туғрал ба мизони адаб, Дар миёни шоирон имрӯз якто гаштаам.