Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Гар касе чинад зи боғи оразат як бор гул,

Гар касе чинад зи боғи оразат як бор гул, Дар канори худ кунад тамҳиди сад гулзор гул. Кардаӣ то дидаи худ маҳрами дидори хеш, Ҷавҳари ойина орад ҳар дам аз зангор гул. Кам бувад ҳамчун гули рӯи ту гул андар чаман, Дар гулистони ҷаҳон дидем мо бисёр гул. Сурате аз чини зулфат гар фитад ногаҳ ба Чин, Панҷаи Беҳзод мечинад зи шохи мор гул. Дар чаман гулро агар бинӣ ту бо сад рангу бӯ, Гар на монанди рухи ӯ бишкуфад, машмор гул! Ҳар куҷо бошад ҳадиси пардаи рухсори ӯ, Сози мутриб оварад аз нағмаи ҳар тор гул. Дам ба дам з-иқболи бахти хеш монанди ҳадаф Мекунад бар синаам тири нигоҳи ёр гул. З-аввали шаб то саҳар хобида андар фарши ноз, Кай шавад аз нолаи булбул даме бедор гул?! Ҷуз дами ваҳдат ба зери рояти ишқаш мазан, Хуни Мансурат кунад ногаҳ зи чӯби дор гул. Ваҳ, чӣ хуш гуфтаст, Туғрал, Бедили баҳри сухан: «Хоки роҳе бошу аз ҳар нақши по бардор гул!»