Эй наргиси мастат чаманорои тағофул,
Эй наргиси мастат чаманорои тағофул,
Бозори ту гарм аст зи савдои тағофул!
Дар сурма чу бахти сияҳи мо ҳама акнун
Хобида магар фитнаву ғавғои тағофул?!
Ғафлатасари шавқ бувад ғунчаи лаълат,
Хун гашт дили мо ба таманнои тағофул.
Ҷон дар талабат дода ба уммеди нигоҳе,
Охир шудам аз чашми ту расвои тағофул!
Як ҷуръае аз бодаи шавқи ту маро бас
Дар анҷумани ноз зи минои тағофул.
Шӯрест зи кайфияти майхонаи чашмат,
Ҳайронам аз ин мастии саҳбои тағофул.
Дар бодияи ишқ давидему надидем
Ҷуз чашми ту нахчир ба саҳрои тағофул.
Бо маслиҳати ишқ ба гулзори ҷамолаш
Чашме бикушо баҳри тамошои тағофул.
Аз васли ту маҳрум ман аз толеъи пастам,
Аз ноз баланд аст магар ҷои тағофул?!
Эй ҳамнафасон, хори раҳи ишқ бароред
Бо сӯзани мижгони ман аз пои тағофул.
Туғрал, чӣ хуш аст мавҷаи дарёи маонӣ:
«Ман куштаи тамкинаму расвои тағофул».