Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Дамад субҳи умеди ман агар аз шоми ҳиҷронаш,

Дамад субҳи умеди ман агар аз шоми ҳиҷронаш, Нигаҳ хуршед хирман мекунад аз рӯи тобонаш. Чӣ сон оям ба арзи ҷавҳари фарди даҳони ӯ, Ки ҳикматҳо бувад пӯшида дар тафриқи имконаш! Агарчи чашми ман равшан шуд аз хоки раҳаш, лекин Димоғи шона торик аст аз зулфи парешонаш. Хумори чашми ӯ зоҳид ба хоби ноз агар бинад, Ба як наззора мебозад гарав аз нақди имонаш. Навозишномаҳои вазъи ҷудаш гар баён созам, Арақ бар рӯи Ҳотам гул кунад аз шарми эҳсонаш. Агар бар даъвии рӯяш гул андар боғ бархезад, Кашад домони зулфи ӯ ба хоре аз гиребонаш. Ба роҳи водии ишқаш туро аз сар қадам бояд, Ки ошиқро набошад бок аз хори муғелонаш. Барои лаъли Ширин Кӯҳкан ҷон меканад, лекин Намеарзад ба пеши ӯ ба як ҷав қимати ҷонаш! Нагардад ҳар кас аз лофи муҳаббат ҳамсари Маҷнун, Бувад хосияти давлат дар ангушти Сулаймонаш! Хушо аз мисраи султони авранги сухан, Туғрал: «Шикасти мо тамошо кун, мапурс аз ранги паймонаш!»