Буте дорам, ки чатри меҳр бошад зеби аврангаш,
Буте дорам, ки чатри меҳр бошад зеби аврангаш,
Фалак бар чашм созад сурма хоки наъли шабрангаш.
Зи ҳиҷронаш ба талхӣ ҷони ширин меканам, лекин
Чу Фарҳодам дар ин куҳсору кай андешам аз сангаш.
Ман аз фикри миёнаш кай бурун оям сари мӯе,
Бад-ин мазмун дар оғӯши сухан бигрифтаам тангаш.
Ба гулгашти чаман ҳар гаҳ ниқоб аз рух барандозад,
Арақ бар рӯи гул гул мекунад аз шӯхии рангаш.
Табассум бо итоби ӯ сулуки доварӣ дорад,
Чу барги бед меларзам ман аз ин сулҳу ин ҷангаш,
Фусуни чашми ҷодуяш ба ранге мебарад дилро,
Ки имкони раҳоӣ нест аз ойини найрангаш.
Ба Чин Беҳзод ҷуз чини ҷабин дигар намебинад,
Ки бошад чини зулфи ӯ гиребонгири Аржангаш.
Чӣ сон сар бикшам аз амраш, ки чун ранги ҳинои ӯ
Инони тавсани умрам бувад имрӯз дар чангаш?!
Чӣ хуш гуфтаст, Туғрал, ҳазрати баҳри сухан Бедил:
«Ба тороҷи ҷунун додам, чи ҳастию чи фарҳангаш!»