Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Физояд ҷавҳари теғи замон аз исми субҳонаш,

Физояд ҷавҳари теғи замон аз исми субҳонаш, Кушояд махзани маънӣ зи номи поки раҳмонаш. Дари ганҷинаи дониш ба рӯи ҳар кӣ бикшояд, Диҳад таълими сад ҳикмат ба Афлотуну Луқмонаш. Бувад ин нуҳ фалак як марказ аз паргори ҳукми ӯ Вуҷуди оламу одам даме аз субҳи эҳсонаш. Аз ӯ дар гиря бо тӯри муҳаббат дар чаман булбул, В-аз ӯ дар ханда аз боди саҳар гул дар гулистонаш. Кулоҳи дилбарӣ з-ӯ каҷ ниҳода Юсуфи мисрӣ, Зулайхоро намуда мубталои доғи ҳиҷронаш. Гулистон кард ҳукми ӯ ба Иброҳим оташро, Наҷоти Нӯҳро бахшид аз ғарқоби тӯфонаш. Зи таҳқиқи камолоти улуми ӯ чӣ мепурсӣ? Ду олам як рақам аз интихоби сатри девонаш. Чу Мансури аналҳақ мезанад дам аз дами ваҳдат, Ҳар он к-ӯ ҷуръаи шавқе бинӯшад аз хумистонаш. Фурӯ монад зи дарки фаҳми ӯ сад оқилу доно, Диҳад таълим ҳарфи Туғрал аз кунҳи дабистон.