Чӣ имкон аст, гардад аз дилам берун таманнояш,
Чӣ имкон аст, гардад аз дилам берун таманнояш,
Ки бошад суратам ойинасон маҳви тамошояш.
Барои интизори ӯст тамҳиди нафас ҳар дам,
Ки дар оғӯши дил аз шавқ холӣ мекунад ҷояш.
Нигаҳро сурмаи чашми умеди ҳайрати худ кун,
Агар дорӣ ҳавас аз сурмаи хоки кафи пояш.
Дурустӣ нест осон аз шикасти мушкили зулфаш,
Ки айни уқда мебошад кушоди ҳар муаммояш.
Дар ин ишратсаро гар нашъаи умри абад хоҳӣ,
Тамошо кун ба ёди қадди ӯ ҷӯши дуболояш.
Намедонам, чӣ сайёдест дар ойина чашми ӯ,
Ки мумкин нест растан аз каманди зулфи гирояш!
Қумоши ҳусни ӯ дар ҷилваи арзи зуҳур омад,
Бувад шӯре ба бозори ҷаҳон аз ҷӯши савдояш.
Маро аз ҷоми тақсими азал ин нашъа зоҳир шуд,
Ки мебошад сари айши абад дар пои минояш.
Сафои оразаш аз сабзаи тар шуд зумуррадгун,
Хати райҳони ёқут аст бар лаъли гуҳарзояш.
Бувад дашти чунун девонаам аз як қадам, лекин
Хаёли ҳалқаи он зулф занҷирест бар пояш.
Ҳамин бошад агар мавҷи талотум баҳри раҳматро,
Арақ гул мекунад имрӯзи ман аз шарми фардояш.
Ба хун бояд навиштан, Туғрал, ин як мисраи Бедил:
«Ҳанӯз аз хоки муштоқон ҳиноӣ мешавад пояш».