Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Мекунад наззора то бар рӯи он танноз рақс,

Мекунад наззора то бар рӯи он танноз рақс, Ҳамчу он тифле, ки дар гулшан кунад аз ноз рақс. Ҷилваи ҳуснаш кунун дар чашми бозам мекунад Чун хироми ҷилваи теҳу ба чашми боз рақс. Дорад аз хатти лабаш пайғамбари ҳуснаш китоб, Турфа пайғамбар, ки мебошад варо эъҷоз рақс. Дар хами зулфаш дилам имрӯз мерақсад чунон, Ҳамчу он гӯе, ки созад пеши чавгонбоз рақс. Рашки раққос аст анҷоми тапишҳои дилам, Гар кунад он шӯхи раққосӣ даме оғоз рақс. Дӯш дар оҳанги «Ушшоқ» аз «Наво» мекӯфт по, Мекунад он гулбадан имрӯз дар «Шаҳноз» рақс. Мутрибо, зеру бами қонуни худро соз кун, То насозад он парӣ дар анҷуман носоз рақс. Дишабам як бор рақсидӣ, кунун, баҳри Худо, Боз рақсу боз рақсу боз рақсу боз рақс! Сирри ишқаш, Туғрал, аз тамкини дил пӯшида буд, Баски мерақсад дилам, тарсам, шавад ғаммоз рақс!