То қазо зад хаймаи ҳастӣ дар ин нилибисот,
То қазо зад хаймаи ҳастӣ дар ин нилибисот,
Шаҳди ҷоми айшро бо заҳри ғам кард ихтилот.
Роҳате набвад ба кас дар меҳнатободи ҷаҳон,
Ҷои осоиш набошад саҳну боми ин работ.
Фурсати фардо зи девони азал н-омад туро,
Метавонӣ, кун ту кори хеш имрӯз эҳтиёт.
Дар сулуки ошиқӣ тамкин бувад шарти адаб,
Боргоҳи ишқ набвад ҷои ҳазлу инбисот.
Золи дунёро, ки мардон се талоқаш додаанд,
Ғарраи макраш машав, бинӣ ба гӯши ӯ қирот.
Оқибат печад ба поят риштаи доми аҷал,
Маслахи дунё, ки аз шому саҳар дорад қимот.
Туғрал, аз ҷоми азал бо қисмати худ розиям,
Заҳри ғам бошад насибам аз қазо ҷои қубот.