Гар наӣ булбул, туро аз суҳбати гулҳо чӣ ҳаз?!
Гар наӣ булбул, туро аз суҳбати гулҳо чӣ ҳаз?!
Нестӣ Маҷнун, туро аз меҳнати Лайло чӣ ҳаз?!
Ғӯта дар баҳри ҳиҷолат зан, гуҳар мебоядат,
Мурғи хокиро зи мавҷи софии дарё чӣ ҳаз?.
Орзуи васл аз авҳом кай гардад тамом?!
Гар набошад бода бо махмур, аз мино чӣ ҳаз?!
Суҳбати равшандилон ҳар ҷо намебахшад асар,
Сангро аз тобиши меҳри ҷаҳоноро чӣ ҳаз?!
Нест имкони сухан бо ёр бе тамҳиди ҷаҳд,
Гар наӣ Мӯсо, туро аз Туру аз Сино чӣ ҳаз?!
Дидаи дил соф кун, аз туҳмати кӯрӣ баро,
К-аз фурӯғи сурма андар чашми нобино чӣ ҳаз?!
Гар наӣ ошиқ, марав дар домани дашти ҷунун,
Доғ набвад дар дилат, аз лолаи ҳамро чӣ ҳаз?!
То тавонӣ, соз ислоҳи мизоҷи худ, вале
Дар димоғи фосидат аз анбари соро чӣ ҳаз?!
Зинҳор аз ҳосили дунё муроде пеша кун,
Ҳосиле гар нестат, аз ҳосили дунё чӣ ҳаз?!
Худ табиби худ шаву бемории худ кун даво,
Қобили сиҳҳат наӣ, аз Бӯалӣ Сино чӣ ҳаз?!
Мақсад аз ҷаннат маро, Туғрал, бувад дидори ӯ,
Гар на дидораш бувад, аз ҷаннатулмаъво чӣ ҳаз?!