Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

То шуд аз катми адам дар мулки ҳастӣ буди шамъ,

То шуд аз катми адам дар мулки ҳастӣ буди шамъ, Доя шуд парвона, гӯё, дар шаби мавлуди шамъ. Баски шаб то рӯз дорад гиря бар ҳоли ҷаҳон, Ҷуз садои ашки ҳасрат кай бувад дар руди шамъ?! Гарчи бошад ҷинси ӯро гармии бозори шаб, Ғайри ҷон кандан аз ин савдо набошад суди шамъ. Гардани аҳли карам андар баландӣ шуд масал, Як ҷаҳон парвона мебошад мутеъи ҷуди шамъ. Бошадаш аз ҷӯши савдо толеъи ӯ Муштарӣ, Рашк меояд маро аз толеъи масъуди шамъ. Дар қиём истода бо як пой аз шаб то саҳар, Кас намедонад, чӣ бошад оқибат мақсуди шамъ. Дар вафо сар дод ҳар кас, зиндагӣ аз сар гирифт, Ин масал равшан бувад аз ҷисми ғамфарсуди шамъ. Гар набошад шамъ, кай парвона бошад дар ҷаҳон?! Буди ин парвонаҳо набвад магар аз буди шамъ?! Туғрал, аз ҷӯши ғами савдои ӯ маълум шуд, К-аш бувад аз равғани парвона, гӯё, дуди шамъ.