Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Аз камоли равшанӣ дар дида шуд ҷои чароғ,

Аз камоли равшанӣ дар дида шуд ҷои чароғ, Кас набошад дар ҷаҳон имрӯз ҳамтои чароғ! Роҳ торик асту ту мағрури шамъи дил машав, Равшанӣ ҳаргиз намебинӣ ту дар пои чароғ. Мақсад аз сӯзу гудозу гиряву оҳи шабаш Ғайри ҷонбозӣ намебошад таманнои чароғ. Дар шабистони ҷунун андар сулуки ошиқӣ Боли сад парвона мечинӣ зи гулҳои чароғ. Суҳбати ноаҳл бошад мӯҷиби озори дил, Бештар аз об бошад шӯру ғавғои чароғ. Муштарӣ ҷӯшад агар дар зулматободи ҷаҳон, Кай касе донад ба ҷуз парвона савдои чароғ?! То ба субҳи ҳашр ҷуз парвонаи шамъи адаб Нест дигар моҳие, Туғрал, ба дарёи чароғ!