Ёри моро пераҳан аз барги гул бошад латиф,
Ёри моро пераҳан аз барги гул бошад латиф,
Аз ҳарири партави маҳ бар рухаш дорад назиф.
Ғунчааш ҳар дам барад аз оташи ёқут об,
Кай шавад лаъли Бадахшон бо лаби лаълаш ҳариф!
Ин чӣ найранг аст дар бозори имкон, аз ғамаш,
Ҳеч кас холӣ набошад аз вазеъу аз шариф.
Он қадар нахли муродам бори ҳиҷрон дод бар,
Барги умрам шуд хазон чун барги гул андар хариф
Гаштам аз бори тааллуқ сарвосо мултавӣ,
То ки дидам бо қадаш гесӯи Лайлояш лафиф.
Баски кардам дар ғамаш фарёд аз шаб то саҳар,
Пайкарам чун бол зери бори меҳнат шуд заиф!
Туғрал, азбас кардаам ман васф сар то пои ӯ,
Мисраи барҷастаам бо қомати ӯ шуд радиф.