Ҳофизат аз чашми бад бодо Худованди таъол,
Ҳофизат аз чашми бад бодо Худованди таъол,
Бод, ё Раб, нахли қаддат дар маҳалли эътидол!
Бодапаймойи майи майхонаи шавқи туам,
Чанд пинҳон мекунӣ рухро зи мо, бинмо ҷамол!
Як шабе сӯи мани саргаштаи маҳзун биё,
Умрҳо шуд дар фироқам ман ба уммеди висол.
Бо кӣ аз ҷабру ҷафоят шаммае созам баён?
Ҷуз дили афсурда набвад маҳраме дар ин мақол.
Чораи дарди дили бечораам соз, эй ҳабиб,
Марҳам аз васлат бинеҳ, дигар маро набвад маҷол.
Аз чӣ рӯ з-афтодагони хеш воқиф нестӣ?
Қадри моро менадонӣ, тифлӣ, эй нозукниҳол!
Нолаҳо кардам чу най, таъсир дар гӯшат накард,
Туғрали ошуфтаро ҳаргиз нагуфтӣ чист ҳол.