Дорад чаман зи равнақи фасли баҳор ранг,
Дорад чаман зи равнақи фасли баҳор ранг,
Ҳар барги гул гирифта магар аз ҳазор ранг.
Имрӯз дар бисоти гулистон ба фарши ноз
Хобидааст шоҳиди гул дар канор ранг.
Монанди зоҳидон ту ба саҷҷодаи чаман
Аз донаҳои субҳаи шабнам шумор ранг.
Дорад ба боғ азми сафар корвони гул,
Гӯё ки меравад зи пайи навбаҳор ранг.
Азбаски рехтам ба фироқаш сиришки ғам,
Чашмам барад ба гиря зи шамъи мазор ранг.
Наззора кун ба боғ, ки фурсат ғанимат аст,
Азбаски гашта тавсани гулро савор ранг!
Берангӣ аст ранги хуми нилии фалак,
Гар нест бовари ту, аз ин хум барор ранг!
Гулро ба пеши рӯи ту сомони хиҷлат аст,
Набвад ба ҷуз арақ ба рухи шармсор ранг.
Туғрал, нигар, ки ҳазрати Бедил чӣ гуфтааст:
«Ин ҷост бебақо гулу беэътибор ранг!»