Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Шарар ба арзи таманнои ҷастане аз санг

Шарар ба арзи таманнои ҷастане аз санг Дар ин ситамкада умрест хуфта бо дили танг. Ба боғи даҳр, ки андар гулаш намебошад На эътибор бо бӯю на эътимод ба ранг. Бақо ба талхии заҳри аҷал намеарзад, Махур фиреби таманнои рангу бӯи шаранг! Хаёли роҳат аз ин чодари фусун нанмо, Ҷаҳон, ки ҷои фиреб асту хонаи найранг. Дил аз кудурати авҳоми ғайр холӣ кун, Ки тира мешавад ойина аз ҳуҷуми занг! Барам гарав зи рами оҳувон, ки натвон кард Ҳисоби даҳшатам аз нуқтаҳои пушти паланг. Зи бими боди ҳаводис чу мӯ ҳамеларзам, Нишони мӯи миёнаш зи мӯ кашад Аржанг. Ҳазорпост ба гӯшам, ба ғайри сози ғамаш, Садои барбати Ноҳиду нағмаи наю чанг! Маҷӯ зи вазъи ҷаҳон қадру эътибори маро, Шудам ба сафҳаи имкон мисоли мисраи ланг. Сиришки ғам ба раҳаш баски рехтам, Туғрал, Зи ҷӯши ашки надомат равам ба коми наҳанг?!