Баланд аст аз фалак маъвои Бедил,
Баланд аст аз фалак маъвои Бедил,
Набошад ҳеч касро ҷои Бедил!
Намоям тӯтиёи дидаи хеш,
Агар ёбам ғубори пои Бедил.
Надидам аз сухангӯёни олам
Касеро дар ҷаҳон ҳамтои Бедил.
Агар кӯҳ аст, бошад Тури Сино
В-агар дарё бувад, дарёи Бедил!
Дили афлокро созад мушаббак
Ливои ҳиммати волои Бедил!
Ба мижгон метавонам кард берун,
Агар хоре халад дар пои Бедил!
Намеёбам кунун холӣ диламро
Замоне аз ғаму савдои Бедил.
Қабои атласи нуҳ чархи гардун
Бувад кӯтоҳ бар болои Бедил!
Ба рифъат бартар аст аз кӯҳ, Туғрал,
Ҷаноби ҳазрати Мирзои Бедил!