Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Надонам гармии хуне, ки дорад ранги таъсираш,

Надонам гармии хуне, ки дорад ранги таъсираш, Ки ҷавҳар гул кунад ойинасон аз оби шамшераш. Агар ҳушам кунад дар зулмати зулфаш шабехунро, Асас гар моҳ бошад, манъ натвон кард шабгираш! Камони абруи ӯ ҳар куҷо гар новак андозад, Расо гардад пари мурғи муҳаббат аз пари тираш. Аз он ҳар дам кашад теғ аз ниёми хеш бар қатлам, Ки набвад ҷавҳаре ҷуз хуни ман дигар ба шамшераш. Равон лаззат барад аз Мусҳафи рӯяш назар кардан, Ки аз рӯҳулбаёни рӯҳ бошад шарҳу тафсираш. Навои пардаи ғам баски мизроби дигар дорад, Намебошад ба ҷуз «Ушшоқ» оҳанги баму зераш. Арақ гул мекунад субҳи умед аз шоми навмедӣ, Бувад аз муҳри шабнам гармии бозори таъсираш. Ба як дам умр аз қайди тааллуқ нест озодӣ, Ҳубоб ойинае дорад, ки бошад мавҷ занҷираш. Ба субҳи инфиол аз шарми ҷуръат дам занад ишқам, Хиҷолат шабнаме дорад, ки бемеҳрист тасвираш. Бинои тоқатамро сӯхт, Туғрал, мисраи Бедил, «Ки тоқи умр чун бишкаст, мумкин нест таъмираш».